27-уми майи соли 2026, шаҳри Душанбе. – Дар ҳошияи Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо вазири корҳои ҷамъиятӣ, манзил ва захираҳои оби Ҷумҳурии Мозамбик Фернандо Рафаел мулоқот кард.
Дар вохӯрӣ саҳми кишвари Мозамбик дар Форуми Африқо, ки дар доираи Конфронс баргузор гардид, муҳим арзёбӣ кард.
Ҷониби Мозамбик ба сатҳи баргузорӣ ва мавзуъҳои баррасигардида дар доираи конфронс баҳои баланд дод.
Ҳамзамон, мусоҳибон доир ба ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон ва Рӯзномаи ҷаҳонии обу иқлим табодули афкор намуданд.


