Ҷумҳурии Мозамбик-Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷумҳурии Мозамбик-Ҷумҳурии Тоҷикистон

27-уми майи соли 2026, шаҳри Душанбе. – Дар ҳошияи Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо вазири корҳои ҷамъиятӣ, манзил ва захираҳои оби Ҷумҳурии Мозамбик Фернандо Рафаел мулоқот кард.

‎Дар вохӯрӣ саҳми кишвари Мозамбик дар Форуми Африқо, ки дар доираи Конфронс баргузор гардид, муҳим арзёбӣ кард.

‎Ҷониби Мозамбик ба сатҳи баргузорӣ ва мавзуъҳои баррасигардида дар доираи конфронс баҳои баланд дод.

Ҳамзамон, мусоҳибон доир ба ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон ва Рӯзномаи ҷаҳонии обу иқлим табодули афкор намуданд.