Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018–2028»

Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018–2028»

Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018–2028», ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид ва шарикони байналмилалӣ баргузор карда шуд, имрӯз зимни нишасти матбуотӣ бо иштироки Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода натиҷагирӣ гардид.

‎Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуд, ки давоми чанд рӯз шаҳри Душанбе бори дигар ба майдони ҷаҳонӣ барои баррасии масъалаҳои муҳими рӯзномаи обу иқлим, таҳкими ҳамкории байналмилалӣ ва пешбурди амалҳои муштарак дар самти идораи устувори захираҳои об табдил ёфт.

‎Бояд гуфт, ки барномаи Конфронс баргузории ҷаласаҳои пленарӣ, сессияҳои мавзуӣ, муҳокимаҳои махсуси панелӣ, форумҳо, инчунин чорабиниҳои параллелӣ ва дигар вохӯриҳоро дар бар мегирифт, ки ба ҷанбаҳои калидии рӯзномаи ҷаҳонии об бахшида шуда буданд.