27-уми майи соли 2026, шаҳри Душанбе. – Дар ҳошияи Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» мулоқоти вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо директори калони Раёсати захираҳои об ва рушди шаҳрии Бонки Осиёии Рушд Норио Сайто баргузор шуд.
Дар рафти суҳбат масъалаҳои марбут ба идоракунии самараноки захираҳои оби обанбори «Баҳри Тоҷик», таҳкими ҳамкорӣ дар самти истифодаи оқилонаи захираҳои об ва татбиқи лоиҳаҳои соҳавиро мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҳамчунин, доир ба натиҷаҳои Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» табодули афкор сурат гирифта, аҳамияти таҳкими ҳамоҳангии байналмилалӣ дар ҳалли масъалаҳои марбут ба захираҳои об таъкид карда шуд.

