Language switcher

Вохурии судманд миёни намояндагони Иттиҳодияи Аврупо

Вохурии судманд миёни намояндагони Иттиҳодияи Аврупо

Вохурии судманд миёни намояндагони Иттиҳодияи Аврупо, ташкилоти ҳамкориҳои Олмон дар Тоҷикистон GIZ ва инчунин намояндагони ташкилоти MSDSP бо кормандони Раёсати захираҳои оби минтақаи ҳавзавии Зарафшон зимнан сурат гирифт.

Ҷонибҳо атрофи масъалаҳои тақвият додани ҳамкориҳо ҷиҳати ҳамоҳангсозии нақшаҳои ҳавзавӣ бо шарикони рушд, ҳамкориҳои дуҷониба муҳокимаронӣ намуда иброз доштанд, ки барои рушд ва татбиқи нақшаҳои ҳавзавӣ чораҳои заруриро ҳар чи зудтар роҳандозӣ намоянд.
Мавриди зикр қарор доданд , ки Раёсати захираҳои оби минтақаи ҳавзавии Зарафшон мақоми ваколатдори давлати дар идора ва ҳамоҳангсозии ҳамаи чорабиниҳои ҳамгироёнаи марбут ба соҳаи об дар ҳавзаи дарёи Зарафшон ба ҳисоб рафта, корҳоро дар он самт роҳандози менамояд.
Дар фарҷоми кори вохурӣ меҳмонон аз идораи РЗОМҲ Зарафшон дидан карда, миннатдории бепоёни худро ба давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, пайваста ба дастгириву ғамхориҳо ва фароҳамоварии чунин як фазои инноватсионии ба талаботи замон ҷавобгӯй иброз намуданд