27-уми майи соли 2026, шаҳри Душанбе. – Дар ҳошияи Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018–2028» вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа муовини вазири захираҳои табиӣ ва ҳифзи муҳити зисти Беларус Виктор Габаловро ба ҳузур пазируфт.
Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаро дар соҳаи захираҳои об мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҳамзамон, ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба табодули таҷриба, омода намудани мутахассисони баландихтисос, таҳкими ҳамкориҳои илмиву техникӣ ва роҳандозии барномаҳои муштараки омӯзиширо муҳокима намуданд.
Дар фарҷоми мулоқот ҳар ду ҷониб омодагии худро ҷиҳати тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳои судманд ва рушди муносибатҳои дӯстона байни Тоҷикистону Беларус таъкид карданд.

